МЕХАНИЗМИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОДИРОТИ МОЛУ ХИЗМАТҲО ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ
Дар мақола хусусияти иқтисодӣ, принсипҳо, усулҳо ва воситаҳои дастгирии давлатии содироти мол ва хизматрасонӣ баррасӣ мешавад. Зарурат ва хусусиятҳои хоси татбиқи чораҳои мушаххаси дастгирии давлатии содироти мол ва хизматрасонӣ дар шароити рақ амикунонии иқтисодиёт ҷудо карда шуда, таърифи муаллифии механизми дастгирии давлатӣ пешниҳод гардидааст ва нақши давлатро дар афзоиши ҳаҷми содироти мол ва хизматрасонӣ асоснок мекунад. Дар асоси таҳлил муайян карда шудааст, ки то соли 2044 ҳаҷми содироти мол ва хизматрасонӣ аз воридоти онҳо зиёдтар хоҳад шуд, ба шарте ки усулҳои мустақим ва ғайримустақим, фискалӣ ва ғайрифискалӣ барои ҳавасмандгардонии фаъолияти содиротӣ дар кишвар истифода шаванд. Дар ин замина, муассисаҳои ғайридавлатӣ низ метавонанд да р татбиқи чораҳо оид ба дастгирии содироти мол ва хизматрасонӣ нақши муҳим бозанд
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · № 1, С. 94
- Источник
- msu.tj
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2709-6246
- Издатель
- ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ