Central AsianResearch Index

ХУСУСИЯТҲОИ СЕМАНТИКӢ ВА СОХТОРИИ ПЕШОЯНДҲО ДАР ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР ЗАМИНАИ ТАҲЛИЛИ ОСОРИ БАДЕӢ

Мақола ба таҳқиқи муқоисавии пешояндҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар заминаи матни бадеии тарҷумашуда бахшида шудааст. Пешояндҳо ҳамчун воҳидҳои хизматии грамматикӣ баррасӣ гардида, нақши онҳо дар ифодаи муносибатҳои синтаксисӣ ва маъноӣ муайян карда мешавад. Тавассути таҳлили контекстуалӣ ва типологӣ фарқияти сохтории забонҳои флективӣ ва таҳлилӣ ошкор гардида, роҳҳои мутобиқсозии тарҷумавии пешояндҳо муайян мегардад. Дар натиҷа нишон дода мешавад, ки пешояндҳо дар матни бадеӣ аз вазифаи робитасоз фаротар рафта, ба унсури ташаккули маънои услубӣ ва прагматикӣ табдил меёбанд

Сведения

Опубликовано
2026 · № 1, С. 28
Источник
msu.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2709-6246
Издатель
ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ