Central AsianResearch Index

ТАҶЗИЯИ ҲОКИМИЯТ ҲАМЧУН ПРИНСИПИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ ВА ҲУҚУҚБУНЁД ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақола ба таҳлили назариявӣ ва ҳуқуқии принсипи таҷзияи ҳокимият ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳият, мазмун ва аҳаммияти ин прин сип дар ташаккул ва фаъолияти механизми давлатӣ баррасӣ мегардад. Муаллиф ба масъалаҳои тақсимоти ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ҳамкории мутақобилаи онҳо дар асоси низоми мувозинат ва боздорӣ, инчунин, нақши ин принсип дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Хулоса карда мешавад, ки таҷзияи ҳокимият на танҳо усули ташкили ҳокимияти давлатӣ, балки кафолати муҳимми пешгирии мутамарказшавии худсаронаи ҳокимият ва таҳкими конститутсионализм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Сведения

Опубликовано
2026 · № 1, С. 276
Источник
msu.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2709-6246
Издатель
ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ