МАВҚЕИ ҲУҚУҚ БА ҲИФЗИ САЛОМАТӢ ДАР НИЗОМИ ҲУҚУҚҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД
Мақола ба таҳлили ҳуқуқ ба ҳ ифзи саломатӣ ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои асосии иҷтимоии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Ҳуқуқ ба саломатӣ дар низоми ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ мавқеи махсус дошта, бо ҳуқуқ ба ҳаёт ва дигар ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ робитаи зич дорад. Он ҳамчун ҳуқуқи комплексӣ арзёбӣ гардида, ҳамзамон ҳуқуқи субъективии шахс ба дастрасӣ ба кумаки тиббӣ ва маҷмӯи уҳдадориҳои давлатро дар самти фароҳам овардани шароити зиндагии солим дар бар мегирад. Татбиқи воқеии ин ҳуқуқ ба сиёсати иҷтимоии давлат, сатҳи рушди иқтисодӣ ва кафолатҳои ҳуқуқию институтсионалӣ вобаста мебошад. Хулоса мешавад, ки ҳуқуқ ба саломатӣ унсури ҷудонашавандаи низоми ягонаи ҳуқуқҳои инсон буда, заминаи амалишавии дигар ҳуқуқу озодиҳоро фароҳам меорад
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · № 1, С. 245
- Источник
- msu.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-6246
- Издатель
- ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ