АВОМИЛ ВА ЗАМИНАҲОИ ТАҲАВВУЛОТИ КОНСТИТУТСИЯИ
Мақолаи мазкур ба пажӯҳиши омилҳо ва заминаҳои таҳаввулоти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 бахшида шудааст. Муаллиф сабабҳои объективӣ ва субъективии тағйироти конститутсиониро таҳлил намуда, нақши онҳоро дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар нишон медиҳад. Дар мақола аҳамияти мутобиқсозии Қонуни асосӣ ба талаботи замон, аз ҷумла, такмили низоми парлумонӣ, ислоҳоти забонӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки ислоҳоти конститутсионӣ омили асосии ҳамгироии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ба фазои ҳуқуқии ҷаҳонӣ ва таҳкими нуфузи кишвар ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд гардидаанд
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · № 1, С. 214
- Источник
- msu.tj
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2709-6246
- Издатель
- ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ