РАВАНДИ ТАШАККУЛ ВА ШАКЛГИРИИ НИЗОМИ СИЁСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ҶАНБАҲОИ СИЁСӢ – ҲУҚУҚӢ
Дар мақола хусусиятҳои муҳимми ташаккул ва шаклгирии низоми сиёсии Тоҷикистон дар шароити истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор дода шудааст. Тавре муаллиф қайд менамояд, баробари аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон низ чун дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ зарурати трансформатсияи системаи сиёсии хешро ба миён гузошт. Вобаста ба тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ, яъне ташаккул ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятии бозоргонӣ ва тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифтани он, дар низоми сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон низ трансформатсияи куллӣ ба амал омад
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · № 1, С. 196
- Источник
- msu.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-6246
- Издатель
- ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ