ВИЖАГИҲОИ ТАРҶУМАИ СЛЕНГҲОИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ БА ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА РУСӢ ДАР АСАРҲОИ БАДЕӢ: ТАРКИБ, ВАЗИФАҲО ВА МАНБАЪҲО (ТАҲЛИЛИ ЛИНГВОФАРҲАНГӢ)
Мақола ба таҳқиқи хусусиятҳои тарҷумаи сленгҳои забони англисӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар матнҳои бадеӣ бахшида шудааст. Сленг ҳамчун воҳиди дорои вазифаи иҷтимоӣ ва прагматикӣ баррасӣ гардида, на танҳо маънои луғавӣ, балки таъсири коммуникативии он мавриди таҳлил қарор мегира д. Дар асоси муқоисаи тарҷумаҳо муайян карда мешавад, ки ҳангоми интиқоли сленг принсипи баробарии функсионалӣ аз баробарии шакл муҳимтар мебошад. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки дар тарҷумаи тоҷикӣ тамоюли бетарафсозӣ бештар, дар тарҷумаи русӣ нигоҳдории ранги иҷтимоӣ фаровонтар мушоҳида мешавад. Таҳқиқот нақши омилҳои фарҳангиро дар интихоби воситаҳои тарҷумавӣ ошкор намуда, модели шарҳи интиқоли сленгро пешниҳод мекунад
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · № 1, С. 15
- Источник
- msu.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-6246
- Издатель
- ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ