Central AsianResearch Index

ИХТИСОРАҲО ДАР НИЗОМИ КАЛИМАСОЗИИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА АНГЛИСӢ: ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВӢ

Муаллиф дар мақола ба таҳлили муқоисавии сохтор ва вазифаҳои ихтисораҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ таваҷҷуҳ намудааст . Муаллиф бо такя ба маводи матбуотӣ, расмӣ ва илмӣ намунаҳои гуногуни ихтисораҳоро таҳлил намуда, онҳоро ба гурӯҳҳои асосӣ ҷ удо мекунад. Дар заминаи таҳлил хусусиятҳои грамматикӣ ва услубии ихтисораҳо, аз ҷумла шаклҳои сохт ва истифодаи онҳо дар гуфтору навишт, баррасӣ мегарданд. Муаллиф ин чунин равандҳои калимасозии мухтасар, истифодаи графемаҳо ва роҳҳои гуногуни тарҷумаи истилоҳоти ихтисоршударо дар доираи забоншиносии муқоисавӣ таҳқиқ менамояд. Мақола ба таври возеҳ фарқият ва умумияти усулҳои ихтисор дар ду забонро нишон додааст, ки барои донишмандон ва омӯзгорони соҳаи тарҷума, забоншиносӣ ва таҳқиқоти байнизабонӣ манфиатбахш мебошад. Ҳадафи асосии таҳқиқот муайянсозии хусусиятҳои хоси ихтисораҳо ва татбиқи онҳо дар таҷрибаи амалии тарҷума мебошад

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4, С. 7
Источник
msu.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2709-6246
Издатель
ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ