Central AsianResearch Index

МУҚОИСАИ ЛИНГВО-ФАРҲАНГИИ СЛЕНГ ДАР ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ: ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Дар мақола масъалаи омӯзиши сленг ҳамчун падидаи забонӣ , иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ баррасӣ мешавад. Муаллиф нишон медиҳад, ки сленг на танҳо маҷмӯи калимаҳои ғайрирасмӣ, балки воситаи ифодаи шахсият, гурӯҳбандӣ ва тааллуқ ба муҳити иҷтимоӣ мебошад. Дар қисмати назариявӣ таърихи ташакку ли сленг дар забони англисӣ аз асрҳои XVIII то имрӯз шарҳ дода шуда, манбаъҳои асосии он – ҷавонон, мусиқӣ, филмҳо ва интернет – тавзеҳ меёбанд. Қисмати амалии таҳқиқ ба таҳлили сленг дар забони тоҷикӣ бахшида шудааст, ки зери таъсири фарҳанги русӣ ва англисӣ рушд мекунад. Муаллиф қайд менамояд, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ муҳаррики асосии тавлиди вожаҳои нав мебошанд (лайк кардан, чат задан, vibe гирифтан). Дар асоси таҳлили муқоисавӣ муайян мегардад, ки ҳар ду забон дар истифодаи сленг вазифаҳои шабе ҳ доранд: ифодаи озодфикрӣ, эҳсосот ва ҳувияти ҷавонон. Натиҷаҳои тадқиқот

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4, С. 36
Источник
msu.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2709-6246
Издатель
ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ