ТАҶРИБАИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶА ОИД БА ТАНЗИМИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ СИЁСАТИ МАКРОПРУДЕНСИАЛӢ ВА ТАТБИҚИ БАЪЗЕ АЗ МЕХАНИЗМҲОИ ОН ДАР НИЗОМИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақола муаллифон масъалаи таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар самти танзими институтсионалии сиёсатҳои макропруденсиалӣ ва татбиқи баъзе аз механизмҳои онро дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додаанд. Муаллифон таъкид менамоянд, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ нишон дод, ки барои татбиқи муассири сиёсати макропруденсиалӣ, қабл аз ҳама, заминаи ҳуқуқии мустаҳкам ва сохторҳои дахлдори давлатӣ бояд мавҷуд бошанд. Танҳо дар ҳолати муҳайё будани чунин замина ва механизмҳо метавон ба самаранокии ин сиёсат умед баст. Ин ниҳодҳо бояд дорои ваколатҳои расмӣ ва возеҳ бошанд, то дар ҳолатҳои зарурӣ тавонанд чораҳои фаврӣ андешанд. Қабули қарорҳои саривақтӣ дар шароити иқтисоди зудтағйирёба нда аҳамияти бузург дорад. Ҳамзамон, масъулияти иҷрои сиёсати макропруденсиалӣ бояд миёни сохторҳои дахлдор равшан тақсим карда шавад. Дар ҳолате ки чунин сохторҳ
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 3, С. 94
- Источник
- msu.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-6246
- Издатель
- ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ