Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛИ КОНСЕПТУАЛИИ БАҲИСОБГИРИИ ИДОРАКУНӢ ДАР АСАРҲОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи илмӣ масъалаҳои консептуалии баҳисобгирии идоракунӣ аз рӯйи асарҳои олимони ватанӣ ва хориҷӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифтааст. Дар мақола қайд гардидааст, ки оид ба моҳият, мақсад, принсипҳо ва объекти баҳисобгирии идоракунӣ, мавқеи он дар системаи идоракунии субъектҳои иқтисодӣ аз ҷониби олимону мутахассисон назарияҳои гуногун то имрӯз коркард шудааст, ки онҳо ҳамчун коркардҳои илмӣ метавонанд дар таҳқиқотҳои минбаъда истифода бурда шаванд. Ҳамчунин, дар мақола муаллиф асарҳои муҳақкиқони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор дода, саҳми олимонро дар ташаккули консепсияи баҳисобгирии идоракунӣ муайян намудааст. Муаллиф зикр менамояд, ки дар солҳои охир олимони ватанӣ аз ҷумлаи Уроқов Д.У., Хушвахтзода Қ.Х., Низомов С.Ф., Калемуллоев М.В., Бобоев М.У., Бобиев И.А., Шамсиддинов М.М., Розиев Д.А. ва дигарон дар самти ом ӯзиши проблема ҳои гуногуни назария ва амали

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2, С. 58
Источник
msu.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2709-6246
Издатель
ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ