Central AsianResearch Index

КАФОЛАТИ ҲУҚУҚИИ ҚОНУНИЯТ

Дар мақолаи мазкур масоили марбут ба кафолатҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, шаклҳо ва намудҳои кафолатҳои ҳуқуқӣ, инчунин роҳу воситаҳои таъмин ва таҳкими онҳо, мавриди таҳлили илмию назариявӣ қарор гирифтаанд. Муаллиф бар он аст, ки моҳияти воқеии қонуният танҳо дар сурати риоя ва амалӣ шудани он аз ҷониби ҳамаи субъектҳои ҳуқуқ, яъне шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷомеа, зоҳир мегардад. Қонуният набояд танҳо ба сифати мафҳуми назариявӣ ё маҷмуи меъёрҳои хаттӣ боқӣ монад, балки дар амал ҳамчун унсури фаъоли ҳаёти иҷтимоӣ таҷассум ёбад. Дар ин замина, муаллиф зарурати ташкили низоми мукаммали кафолатҳои ҳуқуқиро таъкид менамояд, ки татбиқи саривақтӣ ва самараноки меъёрҳои ҳуқуқиро таъмин намоянд. Ба ақ идаи ӯ, на танҳо таҳияи илман асосноки қонунҳо, балки таъмини амалишавии онҳо дар амал – тавассути истифодаи васеи кафолатҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, ташкилӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2, С. 294
Источник
msu.tj
Язык
Узбекский
ISSN
2709-6246
Издатель
ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ