КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМ ВА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Дар мақолаи мазкур Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи руйдодҳои муқаддас ва тақдирсоз арзёбӣ гардидааст, ки он ба халқи тоҷик дар аввалҳои солҳои 90-уми асри ХХ муяссар шудааст, инчунин бо шарофати истиқлолият дар заминаи манфиатҳои давлат, вазифаҳои таърихии он ва фаъолияти созандаи хизматчиёни давлатӣ ташаккул ёфтани идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии муосир мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Мафҳуми конститутсионализм ва хизмати давлатӣ кушода шуда, дар асоси назарияи конститутсионализм ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ таҳлил карда шудааст. Зикр гардидаст, ки конститутсионализм аслан ифодаи идоракунии давлатӣ арзёбӣ мегардад ва тибқи аксар мафҳумҳо – конститутсионализм ҳамчун идоракунии давлатӣ, ки аз тарафи Конститутсия маҳдуд карда шудааст, фаҳмида мешавад
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2, С. 224
- Источник
- msu.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-6246
- Издатель
- ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ