ХУСУСИЯТҲОИ ҶАЗОИ ҶАРИМА ДАР НИЗОМИ ҲУҚУҚИ Ш УРАВӢ
Дар мақолаи мазкур масъалаҳои назариявӣ-ҳуқуқии мафҳум ва моҳияти ҷарима дар низоми ҳуқуқи ш уравӣ баррасӣ гардидааст. Дар ҷараёни таҳқиқи мавз уъ муҳаққиқ андешаҳои олимони ватанию хориҷиро доир ба ҷавобгарии ҷиноятии ҷарима дар низоми ҳуқуқи шуравӣ таҳқиқ намудааст. Муаллиф ба хулосае омадааст, ки миёни муҳаққиқон доир ба масъалаи мафҳум ва моҳияти ҷарима гуногунфикрӣ вуҷуд дорад ва мафҳуми умумиэътирофгардида вуҷуд надорад. Ҳамин тариқ, ба андешаи мо ҷарима ҷазои ҷиноятиест, ки ба маҳдудсозӣ ва маҳрумнамоии молумулкии маҳкумшаванда ва судшаванда ё шахси дигари ба ин намуди ҷавобгарӣ гирифторшуда мебошад, ки ба манфиати давлат рӯёнида мешавад
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2, С. 158
- Источник
- msu.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-6246
- Издатель
- ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ