БАЪЗЕ АНДЕШАҲО ДОИР БА КОРБУРДИ ИСТИЛОҲОТИ ТИББӢ ДАР «ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
Пажуҳиши лексикаи «Шоҳнома» ба раванди ташаккулёбӣ ва афзоиши таркиби лексикии забони форсӣ -дарӣ равшанӣ андохта, барои арзёбии захираи табиии забон ва иқтидори вожасозӣ шароит фароҳам меорад. Забони «Шоҳнома», осори Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Робиаи Балхӣ ва суханварони дигари қарни Х то имрӯз барои ҳар форсизабон фаҳмо боқӣ мондааст ва дар тӯли таърих қариб забоне ба мушоҳида намерасад, ки дар муддати умри тӯлонии зиёда аз ҳазорсолаи худ назокат, лутф ва шевоии лафзро б а меросбарандагони худ расонида тавониста бошад. Забони тоза ва орӣ аз ҳар гуна вожаҳои қарзии Фирдавсӣ ифодагари забони зиндаи даврони будубош ва гузаштаи ӯ мебошад. Дар ин росто «Шоҳнома»- ро шоҳасари интиқолдиҳандаи вижагиҳои забон ва вожаҳои ройиҷи забони адабиёти классик ном бурдан мумкин аст, ки истифодаи ин забон имрӯз барои пешрафти забони тоҷикӣ ва дороии фарҳанги забоншиносии он мусоидат менамояд
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2, С. 13
- Источник
- msu.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-6246
- Издатель
- ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ