ТАҲЛИЛИ МОДЕЛҲОИ МАТЕМАТИКИИ СИСТЕМАҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ ОММАВӢ ДАР МАСИРГУЗОРИИ ЭКОСИСТЕМАҲОИ РАҚАМИИ ТАҚСИМШУДА
Дар мақола таҳлили моделҳои математикии системаҳои хизматрасонии оммавӣ, ки барои масиргузории ҷараёнҳои дархостҳо ва мувозинатсозии сарборӣ дар экосистемаҳои рақамии тақсимшуда истифода мешаванд, гузаронида шудааст. Моделҳои классикии M/M/1, M/M/c, M/G/1, G/G/1, инчунин шабакаҳои хизматрасонии оммавии Ҷексон ва Гордон -Нюэлл баррасӣ гардида, имкониятҳо ва маҳдудиятҳои онҳо дар шароити ҳисоббарории абрӣ, архитектураи микросервисӣ ва муҳитҳои рақамии зеҳнӣ арзёбӣ шудаанд. Нишон дода шудааст, ки рушди минбаъд аи системаҳои муосири иттилоотӣ ба ҳамгироии назарияи хизматрасонии оммавӣ бо усулҳои оптимизатсияи математикӣ, омӯзиши мошинӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ вобаста мебошад
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · № 3, С. 21
- Источник
- msu.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-6238
- Издатель
- ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ