Central AsianResearch Index

КОРКАРДИ ПАРТОВҲО ВА НАҚШИ ОН ДАР КОҲИШИ ТАЪСИРИ АНТРОПОГЕНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ

Дар мақола масъалаҳои такмили низоми идоракунии ПСМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи гузариш ба иқтисоди даврӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар шароити афзоиши босуръати ҳаҷми партовҳо ва маҳдудияти инфрасохтори мавҷуда, таҳқиқот бо истифода аз таҳлилу ҷамъбасти маълумоти оморӣ, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ вазъи кунунии идоракунии партовҳоро дар кишвар арзёбӣ мекунад. Натиҷаҳои тадқиқот бо т аҷрибаи кишварҳои пешрафта муқоиса гардида, имкониятҳои мутобиқсозии моделҳои муваффақ ба шароити Тоҷикистон баррасӣ шудаанд. Тадқиқот нишон медиҳад, ки ташаккули инфрасохтори муосир, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани маърифати эк ологӣ ва такмили заминаи ҳуқуқӣ метавонанд ба коҳиши ҳаҷми партовҳои гӯрондашаванда, паст гардидани таъсири антропогенӣ ба муҳити зист ва таъмини рушди устувори экологӣ мусоидат намоянд

Сведения

Опубликовано
2026 · № 2, С. 146
Источник
msu.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2709-6238
Издатель
ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ