АРЗЁБИИ ТАВОЗУНИ МАССАИ ПИРЯХҲОИ МУШОҲИДАШАВАНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ГЛОБАЛИИ ИҚЛИМ
Дар мақола тадқиқи таъсири гармшавии глобалии иқлим ба ҳолати ҳозираи пиряхҳо, аз ҷумла ба тавозуни массаи пиряхҳо, оварда шудааст. Дар мақола бо дарназардошти кам будани маълумот вобаста ба мушоҳ идаҳо ва тадқиқоти мунтазам оид ба пиряхҳои Тоҷикистон, тавассути таҳ лилу ҷамъбасти маълумоти мавҷуда, тавозуни массаи пиряхҳои мушоҳидашаванда дар Тоҷикистон тадқиқ ва таҳлил шудааст. Инчунин, натиҷаҳои бадастомадаи тадқиқи тавозуни массаи пиряхҳои мушоҳидашавандаи Тоҷикистон бо дигар тадқиқоти тавозуни массаи пиряхҳои минтақа ва ҷаҳон таҳлил, муқоиса ва мавриди муҳокима қарор дода шудааст. Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки гармшавии глобалии иқлим ба раванди обшавии пиряхҳо дар ҳудуди Тоҷикистон суръат бахшидааст
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 129
- Источник
- msu.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-6238
- Издатель
- ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ