ҲАЛШАВАНДАГИИ СИСТЕМАИ K+, Ca2+, Al3+//SO42-–H2O БАРОИ ҲАРОРАТИ 0°С
Дар мақола натиҷаҳои омӯзиши ҳалшавандагии системаи чоркомпонентаи намакҳои K+,Ca2+, Al3+// SO42-–H2O барои ҳарорати 0 °C оварда шудаанд. Тадқиқот бо истифода аз усули транслятсия гузаронида шуда, дар системаи нав нуқтаҳои нонвариантӣ, хатҳои моновариантӣ ва майдонҳои дивариантӣ ошкор карда шуд. Таркиб ва мавқеи фазаҳои сахт, аз ҷумла арканит, гипс ва сулфати алюминий, тавассути таҳлили химиявӣ ва микрофотографӣ муайян карда шудаанд. Дар асоси маълумотҳ ои таҷрибавӣ диаграммаи ҳалшавандагӣ ва қисмати намакии он тартиб дода шуд, ки барои таҳияи равандҳои саноатии коркарди партовҳои дорои сулфатҳои калий, калсий ва алюминий аҳамияти амалӣ дорад
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · № 1, С. 120
- Источник
- msu.tj
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2709-6238
- Издатель
- ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ