Central AsianResearch Index

МЕТОДИ НАВИ ҲАЛЛИ БАРНОМАРЕЗИИ ХАТТӢ ДАР АСОСИ МУАЙЯНКУНАНДА

Мақола ба методи нави ҳалли масъалаи барномарези хаттӣ бахшида шудааст, ки як усули инноватсионӣ буда, бо истифода аз муай янкунандаҳо ва таҳлили маҳдудиятҳои фаъол масъалаҳои барномарезии хаттиро ба таври самаранок ҳал мекунад. Дар ҳалли масъала тағйирёбандаҳо ба тарафи чапи муодила гузаронида шуда, тарафи рости муодила ба нул баробар карда мешавад. Ин амал имкон медиҳад, ки муодилаҳо сода карда шуда ва ҳисобҳо тезтар ба анҷом расонида шаванд. Дар мақола ду мисоли мушахасс оиди ҳалли масъалаи барномарезии хаттӣ оварда шудааст, ки аз дуруст будани метод шаҳодат медиҳанд. Ин метод барои шартҳои зиёди масъала бо сохтани алго ритмҳои мукаммал барои ҳал ва таҳлили масъалаҳои иқтисодӣ ва муназзамсозии равандҳои истеҳсолӣ татбиқшаванда мебошад

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3, С. 13
Источник
msu.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2709-6238
Издатель
ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ