ТАҒЙИРЁБИИ ПАРАМЕТРҲОИ МЕТЕОРОЛОГӢ ДАР ПИРЯХИ ГРУММ-ГРЖИМАЙЛО
Дар мақолаи мазкур натиҷаи омӯзиши тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар пиряхи Грумм-Гржимайло дар солҳои 1982-2021 пешниҳод карда шудааст. Раванди ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар 40 соли охир, дар давраи солҳои 1982 -2021, дар пиряхи Грум м-Гржимайло то 1.31 оС зиёд шудааст. Дар пиряхи Грум м-Грижимайло гармтарин солҳо 2016 ( -5.92 оС), 2013 (-6,09 оС) ва 2007 (-6.32 оС) ба қайд гирифта шудааст. Хунуктарин солҳо бошад 1982( - 8.82 оС), 1989(-9,08 оС)ва 1987(-8.67 оС) будаанд. Ҳарорати миёнаи моҳона дар моҳҳои хунук нисабат ба гарм байни даҳсолаҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Муқаррар карда шуд, ки саҳми мавсими зимистон ва баҳор барои гармшавии иқлими пиряхи Грум м-Гржимайло назаррас аст
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2, С. 128
- Источник
- msu.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-6238
- Издатель
- ФИЛИАЛ МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ