Central AsianResearch Index

Хусусиятҳои зоҳиршавии селексияи иҷтимоӣ дар низоми маорифи Тоҷикистон

таҳлили сотсиологии хусусиятҳои зо ҳиршавии селексияи и ҷтимоӣ дар низоми маорифи Ҷумҳурии То ҷикистон нишон медиҳад, ки маориф дар шароити муосир яке аз механизмҳои асосии иҷтимоишавӣ ва тағйироти сохтори иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Селексияи иҷтимоӣ дар соҳаи маориф ҳамчун раванди мураккаби интихоб, ҷудокунӣ ва фарқгузории хонандагон аз рӯйи захираҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, минтақавӣ ва гендерӣ зоҳир гардида, ба сатҳ ва самти ҷойивазкунии иҷтимоии аҳолӣ таъсири бевосита мерасонад. Натиҷаҳои таҳқиқот собит менамоянд, ки дар низоми маорифи Тоҷикистон селексияи иҷтимоӣ бештар дар шакли нобаробарии дастрас ӣ ба та ҳсилоти босифат, тафовут байни шаҳр ва де ҳот, вобастагии имкониятҳои таълимӣ аз вазъи молиявӣ ва мақоми иҷтимоии оила, инчунин, тавассути қолабҳои устувори гендерӣ зоҳир мегардад. Тиҷоратӣ гардидани қисми низоми таҳсилот, рушди таҳсилоти пулакӣ ва тафовути

Сведения

Опубликовано
2026 · № 2, С. 376
Источник
izvestiya.ifppanrt.tj
Язык
Таджикский
ISSN
0235-005X
Издатель
Национальная академия наук Таджикистана