Онтология Ибн Сины
низоми фалсафии Ибни Сино дар заминаи ғояҳои масоили илоҳиётӣ ва ҳуқуқӣ ташаккул ёфтааст ва ба ҳар шаклу ҳоле набошад он, аз мавқеи дунявӣ ба сифати ҳаллу фасли масоили умуминазарияви саъю талошҳои ӯ баррасӣ гардидаанд, ки ҷавҳари онҳоро саъю талошҳо барои ҳалли масоили масоили илмии таҳқиқот ва донишҳои яқин қарор дошт. Соҳае, ки Ибни Сино дилбастаи онҳо буд, дорои мазмунҳои ғайри илоҳиётӣ мебошанд. Машғулият бо умури “заминӣ” (на осмонӣ!) образи нави тафаккур, муносибати навро ба ҳаёт, эҳсоси ҷаҳонбинии навинро тавлид намуд. Рӯ овардан ба системаи юнонии Юнони қадим – машшоия (перипатетизм) тасодуфӣ нест. Фалсафа бо тамоми ин расмиётчигӣ аз дин ба фарсахҳо дур қарор дошт. Консепсияи ҳастӣ, аниқтараш ғояи тавҳид чӣ дар дин, чӣ дар фалсафа аз масоили марказӣ ба ҳисоб мерафт, бо ин тафовут, ки ғояи Худоро дар фалсафа мафҳумҳое аз қабили Воҳид, Нахустиллат, воҷиб-ул-вуҷуд ишғол намуданд. Д
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4, С. 31
- Источник
- izvestiya.ifppanrt.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 0235-005X
- Издатель
- Национальная академия наук Таджикистана