Ташаккули мафкураи таҳаммулпазирӣ ва нақши он дар рушди шахсияти навин
дар шароити То ҷикистон, таҳаммул на танҳо омили суботи сиёсӣ ва миллӣ, балки ҷузъи зарурии тарбияи шахсияти навин аст. Шахсияти таҳаммулпазир ва ташаккулёфта қодир аст бо муваффақият дар муҳити гуногунмиллат, гуногунандеша ва ҷаҳонии рақобатпазир фаъолият кунад. Раванди ташаккули чунин шахсият ба сиёсати давлатии маориф, муҳити иҷтимоӣ, фарҳанги динӣ ва тарбияи оилавӣ такя мекунад. Дар ин замина, кор дар самти таҳкими таҳаммул бояд системавӣ, илмӣ ва барномарезишуда бошад. Мафкураи та ҳаммулпазирӣ ҷузъи ҷудонашавандаи равандҳои тарбиявӣ ва маърифатии шахсият мебошад. Он на танҳо қобилияти ҳамзистӣ ва гуфтугӯро ташаккул медиҳад, балки дар ташаккули инсон ҳамчун фарди маърифатӣ, ахлоқӣ ва зеҳнӣ нақши бузург мебозад. Равандҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва фарҳангии ҷомеа бояд ба парвариши чунин шахсият равона шаванд, то шахсияти навини таҳаммулпазиру масъулиятшинос дар шароити муосир рушд кунад
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4, С. 162
- Источник
- izvestiya.ifppanrt.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 0235-005X
- Издатель
- Национальная академия наук Таджикистана