МОДЕЛҲОИ МУОСИРИ ИДОРАКУНИИ СИФАТ ВА МЕХАНИЗМҲОИ АМАЛИСОЗИИ ОНҲО ДАР КОРХОНАҲОИ САВДОИ ЧАКАНА
Дар шароити имрӯзаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши ҷанбаҳои назариявӣ ва илмию методии фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аҳаммияти калон пайдо намудааст. Яке аз чунин самтҳои муҳим соҳаи савдои чакана ба шумор меравад, ки дар рушди бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо молу хизматрасониҳо нақши назаррас дорад. Аз ин рӯ, таҳлили таҷрибаи механизми баланд бардоштани р ушди савдои чакана ва муайян намудани омилҳое, ки ба баланд гардидани сатҳи рақобаттавонии субъектҳои он мусоидат мекунанд, яке аз масъалаҳои муҳими илми иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Дар мақола муаллиф масъалаи такмили сифати хизматрасонӣ дар корхонаҳои савдои чаканаро таҳлил намуда, моделҳои муосири идоракунии сифат ва механизмҳои амалисозии онҳоро баррасӣ намудааст. Муаллиф модели ҷамъбастии беҳсозии хизматрасониро пешниҳод менамояд, ки дар он равандҳои стандартсозӣ, рақамикунонӣ ва омодасозии кадр
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · С. 43
- Источник
- ettp.iutet.tj
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 3105-370X · 3105-3718
- Издатель
- Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана