ТАЪСИРИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ БА РУШДИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ ҶОМЕА
Аҳаммияти мавзӯъ дар он ифода меёбад, ки рушди босуръати технологияҳои рақамӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ба яке аз омилҳои асосии тағйироти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа табдил ёфтааст. Рақамикунонӣ ва ташаккули иқтисоди рақамӣ ба дигаргуншавии равандҳои истеҳсолӣ, идоракунӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ мусоидат намуда, нақши иттилоот ва донишро ҳамчун захираҳои стратегии рушди иқтисодӣ афзоиш медиҳанд. Мақсади таҳқиқот аз таҳлили таъсири технологияҳои рақамӣ ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа, муайян намудани имкониятҳо ва хатарҳои рушди иқтисоди рақамӣ, инчунин арзёбии нақши сиёсати давлатӣ ва инфрасохтори рақамӣ дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ иборат мебошад. Дар раванди таҳқиқот усулҳои таҳлили муқоисавӣ, таҳлили мантиқӣ, умумисозӣ ва равиши системавӣ истифода шудаанд, ки имконият медиҳанд иқтисоди рақамӣ ҳамчун низоми мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад. На
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · С. 33
- Источник
- ettp.iutet.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-370X · 3105-3718
- Издатель
- Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана