ҶАНБАҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ЗАНОН ДАР МИНТАҚА
Мақолаи мазкур ба таҳқиқи ҷанбаҳои институтсионалии рушди соҳибкории занон дар вилояти Суғд бахшида шудааст. Дар мақола аҳамияти соҳибкории занон дар рушди иқтисоди миллӣ, ташкил и ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ гардидааст. Муаллиф таъсири институтҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, аз ҷумла қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ, барномаҳои дастгирии соҳибкорӣ, инчунин омилҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва оилавиро ба фаъолия ти соҳибкории занон таҳлил менамояд. Дар асоси таҳлили маълумотҳои оморӣ тамоюлҳои рушди соҳибкории занон дар вилояти Суғд, афзоиши шумораи занони соҳибкор ва сохтори соҳавии фаъолияти онҳо муайян карда шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки занон бештар дар соҳаҳои савдо, хизматрасонӣ ва кишоварзӣ фаъолият намуда, саҳми онҳо дар иқтисоди минтақа тадриҷан меафзояд. Дар охир пешниҳодҳои амалӣ ҷиҳати такмили муҳити институтсионалӣ, дастгирии молиявӣ, руш
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · С. 296
- Источник
- ettp.iutet.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-370X · 3105-3718
- Издатель
- Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана