САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАБДИЛИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақола масъалаҳои вобаста ба муайян кардани самтҳои афзалиятноки табдили институтсионалии иқтисоди ёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд. Дар асоси таҳлили маълумоти омори расмӣ ва интишороти муҳаққиқони тоҷик, монеаҳои асосии институтсионалӣ ошкор карда мешаванд, аз қабили: касри сохтории тавозуни савдо, содироти ба ашёи хом нигаронидашуда, комил на будани ислоҳоти замин, заъфи институтҳои ҷалби сармоягузорӣ ва устувории амалияҳои ғайрирасмӣ. Банизомдарории самтҳои афзалиятноки табдили институтсионалии иқтисодиёт пешниҳод карда шудааст. Дар ин маврид, онҳо ба чор бахш ҷудо карда шудаанд: институтҳои п оявӣ, институтҳои рушд, институтҳои нави иқтисодӣ ва институтҳои ба назар гирифтани амалияҳои ғайрирасмӣ. Барои ҳар як бахш механизмҳои мушаххаси амалисозӣ, воситаҳои институтсионалӣ, муҳлатҳои пешбинишуда ва нишондиҳандаҳои натиҷанокӣ муайян карда шудаанд. Мантиқи пайдарпайии дигар
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · С. 215
- Источник
- ettp.iutet.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-370X · 3105-3718
- Издатель
- Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана