Central AsianResearch Index

АРЗЁБИИ ТАЪСИРИ ҶОРӢ НАМУДАНИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ҲАМЧУН ОМИЛИ ИННОВАТСИОНӢ БА РУШДИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар ма қола таъсири ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба рушди соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳими инноватсионӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шудааст. Манбаъҳои барқароршавандаи энергия на танҳо ҳамчун воситаи ивазкунандаи манбаъҳои анъанавии энергетикӣ, балки ҳамчун унсури тағйирдиҳандаи сохторӣ ва технологӣ баррасӣ мегарданд, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ, устуворӣ ва рақобатпазирии соҳа мусоидат менамоянд. Дар асоси таҳлили омории нишондиҳандаҳои истеҳсол, истеъмол, содирот ва воридоти неруи барқ тамоюлҳои асосии рушди энергетика муайян карда шудааст. Ба таҷрибаи байналмилалӣ ва имкониятҳои мутобиқсозии он дар шароити Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, нақши энергетикаи офтобӣ ва бодӣ дар диверсификатсияи баланси энергетикӣ асоснок карда мешавад

Сведения

Опубликовано
2026 · С. 176
Источник
ettp.iutet.tj
Язык
Таджикский
ISSN
3105-370X · 3105-3718
Издатель
Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана