Central AsianResearch Index

ТАҲЛИЛИ ИҚТИСОДӢ-ОМОРИИ Р АВАНДҲОИ ТАШАККУ Л ВА РУШДИ СОХТМОНИ МАНЗИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АБДУ

Дар мақола равандҳои ташаккул ва рушди сохтмони манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018–2024 мавриди таҳлили иқтисодӣ -оморӣ қарор гирифтаанд. Муаллиф бо истифода аз модели регрессияи бисёромила таъсири омилҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ, даромади аҳолӣ ва қарзҳои ипотекиро ба ҳаҷми ба истифода додани манзил арзёбӣ намудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки соҳаи сохтмон тамоюли устувори афзоиш дошта, манбаи асосии маблағгузории он сармояи бахши хусусӣ ва маблағҳои шахсии аҳолӣ мебошанд. Инчунин, дар мақола номутаносибии минтақавии тақсимоти манзил ва зарурати тақвияти механизмҳои ипотека барои баланд бардоштани дастрасии он асоснок карда шудааст

Сведения

Опубликовано
2026 · С. 6
Источник
ettp.iutet.tj
Язык
Таджикский
ISSN
3105-370X · 3105-3718
Издатель
Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана