АМСИЛАИ ТАЪМИНОТИ БАҲИСОБГИРӢ-ТАҲЛИЛИИ ИДОРАКУНИИ ХАРОҶОТ ДАР ШАРОИТИ ИННОВАТСИЯҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР САНОАТИ САБУК
Дар мақола мушкилоти низоми таъминоти баҳисобгирӣ -таҳлилии идоракунии хароҷот дар корхонаҳои саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити инноватсияҳои истеҳсолӣ баррасӣ мешавад. Дар асоси таҳлили маълумоти омори расмӣ (ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, шохисҳои пӯёи истеҳсолот ва сохтори истифодаи нерӯи барқ), хусусиятҳои асосии соҳа муайян карда шудаанд, аз қабили: бартарии истеҳсолоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (96% аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати сабук), парокандагии истеҳсолот (27% афзоиши шумораи корхонаҳо дар давраи солҳои 2018 -2024) ва сатҳи пасти инноватсияҳои технологӣ (ҳиссаи истифодаи нерӯи барқ барои эҳтиёҷоти технологӣ дар зерсоҳаи нассоҷӣ 9,3%-ро ташкил медиҳад). Мушкилоти амалияи баҳисобгирӣ -таҳлилӣ ба низом дароварда шудаанд (набудани баҳисобгирии ид оракунии муназзами хароҷот, ҳамгироии сусти баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳлил, сатҳи пасти рақамикунонӣ). Амсилаи консептуалии рушд
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · С. 399
- Источник
- ettp.iutet.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-370X · 3105-3718
- Издатель
- Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана