МЕТОДОЛОГИЯИ АРЗЁБИИ САМАРАНОКӢ ВА РАҚОБАТПАЗИРИИ КЛАСТЕРҲОИ СОҲАВИИ БА СОДИРОТ НИГАРОНИДАШУДА
Дар мақола методологияи арзёбии самаранокӣ ва рақобатпазирии кластерҳои соҳавии ба содирот нигаронидашуда мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Самаранокии кластер ҳамчун категорияи бисёрҷанба баррасӣ гардида, ҷузъҳои иқтисодӣ, содиротӣ, инноватсионӣ, институтсионалӣ ва иҷтимоию экологӣ муайян карда шудаанд. Он ҳамчун натиҷаи ҷамъшудаи таъсири мутақобилаи корхонаҳо, муассисаҳо ва унсурҳои инфрасохтор тафсир мегардад. Нишондиҳандаҳои муайянкунандаи самаранокии кластерҳои содиротӣ аниқ гардида, методологияҳои арзёбии унсурҳои алоҳидаи самаранокии оморӣ ва доиравии онҳо мушаххас карда шудаанд. Таҳлили гузаронидашуда нишон медиҳад, ки ҳар як равиши мавҷуда маҳдудиятҳои муайян дорад ва ба маҷмӯи талабот барои арзёбии ҳамаҷонибаи самаранокӣ ва рақобатпазирии кластерҳо пурра ҷавобгӯ нест. Аз нуқтаи назари муаллиф, равиши умедбахштарин дар ин замина равишест, ки низоми муттаҳиди фаъолияти иҷтимоию
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · С. 387
- Источник
- ettp.iutet.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-370X · 3105-3718
- Издатель
- Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана