Central AsianResearch Index

МУШКИЛОТ ВА САМТҲОИ РУШДИ ИНФРАСОХТОРИ СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи мазкур масъалаҳои рушди инфрасохтори соҳибкории истеҳсолӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, моҳият ва мафҳумҳои он аз нуқтаи назари иқтисодӣ асоснок гардидаанд. Бояд зикр намуд, ки соҳибкории истеҳ солӣ асоси рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ гардида, заминаи асосии бартарафсозии як қатор муаммоҳои макроиқтисодӣ мебошад. Дар мақола муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки муаммоҳои ҷойдоштаро ошкор сохта, ба ин васила роҳҳои ҳалли онро асоснок намояд. Воқеан барои рушд додани инфрасохтори соҳибкории истеҳсолӣ якчанд омилҳои таъсиррасон аз қабили баландбардории захираҳои молиявӣ, сармоягузорӣ, рақамикунонӣ ва истеҳсоли молу маҳсулотҳои рақобатпазир мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки барои инкишоф ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ тамоми имтиёзҳои лозимаро муқаррар намудааст, то самаранокии хубро муҳайё созад. Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо дар кишвар соҳибкории истеҳсолӣ рӯ ба рушд

Сведения

Опубликовано
2026 · С. 327
Источник
ettp.iutet.tj
Язык
Таджикский
ISSN
3105-370X · 3105-3718
Издатель
Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана