ТАҒЙИРОТИ СОХТОРӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: АРЗЁБИИ ТАҶРИБАВИИ ПӮЁИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ АСОСӢ
Дар мақола натиҷаҳои ташхис ва таҳлили таҷрибавии тағйироти сохторӣ дар соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 2014-2024 рух додаанд, пешниҳод карда шудааст. Дар асоси маълумоти омори расмӣ ва арзёбиҳои коршиносонаи ташкилотҳои байналмилалӣ, аз қабили UNWTO, пӯёи нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии соҳаи сайёҳӣ – шумораи ширкатҳои сайёҳии фаъолияткунанда, ҳаҷми хизматрасониҳои сайёҳӣ, шумораи сайёҳони хориҷии ба кишвар ташрифоварда ва дигарҳо таҳлил карда шудааст. Ҷанбаҳои миқдорӣ ва сифатии тағйироти сохтории соҳаи сайёҳӣ ошкор ва арзёбӣ карда шудаанд. Муқаррар карда шудааст, ки ҳангоми 2,4 маротиба зиёд шудани шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ва 3,4 маротиба зиёд шудани теъдоди сайёҳони хориҷӣ, ҳиссаи сайёҳии воридотии муташаккил дар кишвар аз 1,1% зиёд нест, ки ин аз бартарии шаклҳои ғайримуташаккили фаъолияти сайёҳӣ шаҳодат медиҳад. Нишондиҳандаи даромади миёна ба ҳар як ширкат
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · С. 306
- Источник
- ettp.iutet.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-370X · 3105-3718
- Издатель
- Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана