ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ҶАЛБИ САРМОЯГУЗОРӢ БА СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ЭКОЛОГӢ ДАР ШАРОИТИ ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ РАҲМАТЗОДА Р
Дар шароити муосир гузариш ба иқтисодиёти сабз яке аз самтҳои афзалиятноки рушди устувории иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ба ҳисоб меравад. Соҳаи кишоварзии экологӣ ҳамчун қисми муҳими ин раванд, имкониятҳои васеъро барои ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва таъмини амнияти озуқавории кишвар фароҳам меорад. Дар ин замина, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзии экологӣ аҳамияти калидӣ пайдо мекунад, зеро он имкон медиҳад, ки техн ологияҳои муосир, усулҳои инноватсионӣ ва таҷрибаҳои пешрафтаи хориҷӣ ҷорӣ карда шаванд. Мақсади таҳқиқот таҳлили шароит, омилҳо ва механизмҳои ташаккул ва рушди ҷалби сармоягузорӣ ба кишоварзии экологӣ дар доираи иқтисодиёти сабз мебошад. Дар кор масъалаҳои асосии марбут ба муҳити сармоягузорӣ, сиёсати давлатӣ, дастгирии молиявӣ, имтиёзҳои андозӣ ва нақши бахши хусусӣ баррасӣ мегарданд. Ҳамзамон, мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла норасоии инфрасохторӣ,
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · С. 295
- Источник
- ettp.iutet.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-370X · 3105-3718
- Издатель
- Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана