Central AsianResearch Index

ТАШХИСИ ОМОРИИ ИМКОНИЯТИ ИННОВАТСИОНИИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақола ташхиси омории имконияти инноватсионии соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ барои солҳои 2020 –2024 тамоюлҳои асосии рушди соҳа муайян карда шудаанд. Бо истифода аз усулҳои иқтисодӣ -оморӣ, аз ҷумла таҳлили коррелятсионӣ ва модели регрессионӣ, таъсири омилҳои калидӣ, аз қабили сармоягузорӣ, сатҳи рақамикунонӣ ва хароҷоти инноватсионӣ ба рушди энергетика арзёбӣ гардидааст. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки байни нишондиҳандаҳои таҳлилшуда робитаи мусбати зич вуҷуд дошта, сатҳи рақамикунонӣ ва фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун омилҳои асосии рушди соҳа баромад мекунанд

Сведения

Опубликовано
2026 · С. 227
Источник
ettp.iutet.tj
Язык
Таджикский
ISSN
3105-370X · 3105-3718
Издатель
Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана