МЕХАНИЗҲОИ МОЛИЯВИИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ҶАНБАҲОИ БУҶЕТӢ
Дар мақола механизмҳои молиявии рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамаркуз ба ҷанбаҳои буҷетӣ ва таъсири онҳо ба самаранокии хароҷоти давлатӣ баррасӣ мешаванд. Мубрамии таҳқиқот аз мавҷуд будани пойгоҳи ҳуқуқии дахлдор дар намуди Қонуни Ҷ умҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ», вале набудани воситаҳои мушаххас барои татбиқи молиявии тадбирҳои дар он пешниҳодшудаи дастгирии давлатӣ бармеояд. Ҳадафи таҳқиқот асоснок кардани низоми механизмҳои молиявии дастгирии соҳибкории иҷтимоӣ в а арзёбии таъсири имконпазири онҳо ба буҷети давлатӣ мебошад. Асоси методологии таҳқиқотро таҳлили санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, таҳлили сохтор ва пӯёи хароҷоти буҷети давлатӣ, таҳлили муқоисавӣ, инчунин усули амсиласозии сенариявӣ ташкил додаанд. Дар натиҷаи к орбурди усулҳои мазкур муқаррар карда шуд, ки ҳаҷми имконпазири бозори соҳибкории иҷтимоӣ дар кишвар маблағи 340 -500 миллион сом
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · С. 157
- Источник
- ettp.iutet.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-370X · 3105-3718
- Издатель
- Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана