Central AsianResearch Index

Арзёбии муқоисавии таъсири улинастатин ва истифодаи якҷояи плазмаферез ва оксидкунии ғайримустақими электрохимиявии плазма ба вазифаи детоксикатсионии шушҳо дар беморони гирифтори политравма бо оризаи сепсис

Ба табобати беморони гирифтори политравма бо оризаи сепсис дохил кардани доруи улинастатин (ингибитори интерлейкин, ингибитори фермент, зиддиилтиҳобӣ ) ба барномаи муолиҷаи маҷмуии интенсивӣ ё комбинатсияи плазмаферези миёнаҳаҷм ва оксидшавии ғайримустақими электрохимиявии плазма бо такроран ворид намудани он ба функсияи детоксикатсионии шуш таъсири мусбат мерасонад , аммо истифодаи техноло - гияҳои мембранӣ ва оксидативӣ самараноктар аст. Дар беморони гирифтори политравма бо оризаи сепсис дар гурӯҳи ретроспективӣ, ки табобати анъанавӣ гирифтаанд, сатҳи фавтнокӣ дар беморхона 28,0%, дар гурӯҳи проспективӣ 20,0% (зергурӯҳи IIa - 23,3%, зергурӯҳи IIб - 15,0%), мутаносибан, ҳангоми ҷараёни миёнавазнин 4,8%, вазнин 15,0% ва ниҳоят вазнин 66,7%-ро ташкил дод. Калимаҳои калидӣ: политравма, сепсис, нишондиҳандаҳои заҳролудшавии эндогенӣ, функсияи детоксикатсионии шуш

Сведения

Журнал
Avji Zuhal
Опубликовано
2026 · № 2, С. 9
Источник
avji-zuhal.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2616-5252
Издатель
Таджикский государственный медицинский университет имени Абуали ибни Сино