Таҳлили сифатӣ ва миқдории элементҳои таркиби растанӣ ва экстракти hyssopus seravschanicus ва ANGELICA TERNATA
Дар мақолаи мазкур натиҷаҳои таҳлили сифатӣ ва миқдории элементҳои иссопи зарафшонӣ ( Hyssopus seravschanicus ) ва ишим ( Angelica ternata ), инчунин экстрактҳои онҳо пешниҳод гардидаанд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки растаниҳои таҳқиқшуда аз макрова микроэлементҳо, аз ҷумла магний, калтсий, калий, оҳан ва селен ғанӣ мебошанд. Ҳамзамон муайян гардид, ки дар таркиби онҳо элементҳои вазнин ва заҳрнок, аз қабили кадмий, берилий, никел, ванадий, симоб, арсен ва уран мавҷуд нестанд. Дар намунаҳои таҳлилшуда, танҳо миқдори хеле ночиз атомҳои қурғошим ва нуқра ба қайд гирифта шуданд. 22 «Авҷи Зуҳал» - № 2 (63) 2026 Қайд кардан ба маврид аст, ки мавҷудияти элементҳои заҳрнок дар таркиби растаниҳо ва экстрактҳои иссопи зарафшонӣ ва ишим дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда буда, растаниҳои мазкур тибқи талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ ( СанПин 1.2.3685-21) ҷавобгӯ мебошанд
Сведения
- Журнал
- Avji Zuhal
- Опубликовано
- 2026 · № 2, С. 21
- Источник
- avji-zuhal.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2616-5252
- Издатель
- Таджикский государственный медицинский университет имени Абуали ибни Сино