Хусусиятҳои расонидани ёрии тиббии стоматологӣ ба маъюбон
Дар мақола таҳлил ва тавсифи мафҳуми « маъюбӣ» ҳамчун шарти муҳими сиёсати иҷтимоӣ мувофиқи қонунгузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон нишон дода шудааст. Бо истифода аз маълумотҳои адабиётҳо хусусиятҳои хоси маъюбӣ, шумораи маъюбон дар ҷумҳурӣ, натиҷаҳои муоина, ташхис ва табобати стоматологии маъюбон, омилҳои таъсиррасонӣ ба нишондиҳандаҳои солимии стоматологӣ, шумораи муроҷиати маъюбон ба Пажӯҳишгоҳ, рафтори онхо дар қабули табиб-стоматолог баррасӣ гардидааст. Калимаҳои калидӣ: солимии стоматологӣ, маъюбӣ, бехдоштии ковокии даҳон, ҷарроҳӣ, беҳискунии умумӣ. Ибрагимов И.У. – н.и.т., мудири шуъбаи ҷарроҳии амбулатории МД «Пажӯҳишгохи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй», 734033 ш. Душанбе, гузаргоҳи 5ми кӯч. Хуҷандӣ 13, тел: 550140001
Сведения
- Журнал
- Avji Zuhal
- Опубликовано
- 2025 · № 4, С. 33
- Источник
- avji-zuhal.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2616-5252
- Издатель
- Таджикский государственный медицинский университет имени Абуали ибни Сино