Central AsianResearch Index

Осебҳои пӯшидаи чашм дар кӯдакон

Осеби пӯшидаи чашм (ОПЧ) яке аз омилҳои асосии аз даст рафтани биноӣ ва маъюбият дар калонсолон ва кӯдакон ба ҳисоб меравад. Ҳамасола дар саросари ҷаҳон даҳҳо миллион ҳолатҳои осеби чашм ба қайд гирифта мешаванд ва қисми зиёди онҳо ба пайдоиши халалҳои устувори босира меоваранд. Осебҳои контузионӣ дар сохтори офталмотравматизм мавқеи муҳим доранд, зеро то нисфи ҳамаи осебҳои узви босираро ташкил медиҳанд ва бо эҳтимолияти баланди ба вуҷуд омадани оқибатҳои вазнин фарқ мекунанд. Офталмотравматизми кӯдакон мушкили ҷиддӣ мебошад, зеро хатари аз даст рафтани доимии биноӣ ва пайдошавии оқибатҳои гуногун, аз қабили гифема, катарактаи пасосебӣ, осеби шабакия ва глаукомаи пасоконтузионӣ дар онҳо бештар аст. Маълумоти муосир нишон медиҳад, ки басомади ОПЧ ба омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сатҳи маълумот ва шароити зиндагӣ вобастагии калон дорад. Гурӯҳҳои бештар Махмадзода Ш.К.- н.и.т., дотсент, мудир

Сведения

Журнал
Avji Zuhal
Опубликовано
2025 · № 4, С. 138
Источник
avji-zuhal.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2616-5252
Издатель
Таджикский государственный медицинский университет имени Абуали ибни Сино