Тасаввуроти муосир дар бораи таҳқиқоти морфологӣ, ултрасадо ва допплерографии бачадон ҳангоми равандҳои гиперплазӣ
Ба асоси таҳлили сарчашмаҳои илмӣ хулоса кардан мумкин аст, ки бо вуҷуди таҳқиқоти бешумори эндометрияи бачадон ҳангоми равандҳои гиперплазӣ (РГЭ), ки зимни он хусусиятҳои сохтор ва функсияи эндометрия, патогенез, клиника, ташхис, муолиҷаи ҷарроҳӣ ва усулҳои таҳқиқ баррасӣ мешавад, ҳамзамон ҳангоми ГЭ як миқдор масоиле мавҷуд аст, ки ба таври бояду шояд мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд, хусусан ташкили сохторӣ-функсионалӣ, табдилёбии рагӣ-бофтавии эндометрия, инчунин арзёбии миқдорӣ, ки бе дарназардошти муносибатҳои дуҷонибаи анатомӣ бо сохтори бофтагии ҳамшафат ба амал оварда мешавад. Калимаҳои калидӣ: бачадон, гиперплазия, полипҳои эндометрия, таҳқиқоти ултрасадо, допплерография, патоморфология ва морфометрия. Асанбекова С.Х. - унвонҷӯйи кафедраи анатомияи одам ба номи Я.А.Раҳимов МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ” ш. Душанбе,Тоҷикистон ., тел. 9
Сведения
- Журнал
- Avji Zuhal
- Опубликовано
- 2025 · № 3, С. 110
- Источник
- avji-zuhal.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2616-5252
- Издатель
- Таджикский государственный медицинский университет имени Абуали ибни Сино