Central AsianResearch Index

ИПОТЕКА ҲАМЧУН ВОСИТАИ ТАЪМИН НАМУДАНИ ҲУҚУҚ БА МАНЗИЛ

Дар мақола моҳияти ҳуқуқии ипотека ва аҳамияти он дар таъмини ҳуқуқ ба манзил мавриди таҳқиқоти илмӣ қарор дода шудааст. Таносуби ҳуқуқи конститутсионӣ ба манзил, ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ва қарздиҳии ипотекӣ баррасӣ карда шудааст. Дар асоси таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андешаҳои илмии муҳаққиқон асоснок карда мешавад, ки ипотека аз ҷиҳати моҳияти ҳуқуқии худ воситаи таъмини иҷрои уҳдадорӣ буда, ҳамзамон ҳамчун механизми муҳими татбиқи амалии ҳуқуқ ба манзил баромад мекунад. Ба масъалаҳои дастрасии қарздиҳии ипотекӣ, ҳифзи ҳуқуқи истифодаи манзили ба гарав гузошташуда, таъмини мувозинати манфиатҳои қарзгиранда ва қарздиҳанда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бо дарназардошти хусусияти иҷтимоии ҳуқуқ ба манзил, самтҳои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ипотека пешниҳод карда мешаванд. Ҳуқуқ ба манзил дар низоми ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодии

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 3, С. 94
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Узбекский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан