МАСЪУЛИЯТИ ҲУҚУҚИИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР БАЪЗЕ ДАВЛАТҲОИ ПАСОШӮРАВӢ
Мақола ба таҳлили ташаккул ва рушди институти масъулияти ҳуқуқии конститутсионӣ дар давлатҳои пасошӯравӣ бахшида шудааст. Таъсири ислоҳоти конститутсионӣ ва татбиқи принсипи таҷзияи ҳокимият ба шаклгирии механизмҳои масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар асоси таҳлили муқоисавии қонунгузории Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон ва Ӯзбекистон хусусиятҳои танзими ҳуқуқӣ ва шаклҳои асосии татбиқи масъулияти ҳуқуқии конститутсионӣ муайян карда шудаанд. Дар натиҷаи таҳқиқ муайян гардид, ки масъулияти ҳуқуқии конститутсионӣ ҳамчун унсури муҳими ҳифзи сохтори конститутсионӣ, таъмини қонуният ва тавозуни ҳокимият дар шароити рушди демократии давлатҳои пасошӯравӣ нақши калидӣ дорад. Ташаккули институтҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар давлатҳои пасошӯравӣ бо дигаргуниҳои куллӣ на танҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва қонунгузорӣ
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 3, С. 83
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан