Central AsianResearch Index

ЯГОНАГӢ ВА ТАҶЗИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дар мақолаи мазкур масъалаи ягонагӣ ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ баррасӣ гардидааст. Дар доираи он назарияҳо ва андешаҳои илмӣ вобаста ба таҷзияи ҳокимияти давлатӣ баён гардида, мазмуни он равшан гардидааст. Махсусан, ҷиҳати равшан намудани мазмуни ягонагӣ ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ андешаҳои аввалин муаллифони назарияҳо вобаста ба масъалаи мазкур инъикос гардиданд, ки ба дарки дурусти фаҳмиши ягонагӣ ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ равона Ягонагии ҳокимияти давлатӣ онро ифода мекунад, ки дар маҷмуъ ҳокимияти давлатӣ тавассути дастгоҳи давлатӣ амалӣ мегардад (унсури институтсионалии давлат) ва дар ин давлат ягон ҳокимияти давлатии рақобаткунандаи дигар вуҷуд надорад. Яъне, ин воқеият ба он алоқаманд аст, ки дар ҷомеа як давлат (ҳокимияти давлатӣ) амал мекунад, дар як вақт ду ҳокимияти давлатӣ вуҷуд дошта наметавонад 1. Ягонагии ҳокимияти давлатиро ягонагии мақсаду вазифаҳое, ки дар назди

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 3, С. 76
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан