Central AsianResearch Index

МАСОИЛИ МАЪМУРӢ-ҲУҚУҚИИ ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ АСЪОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақола ба тадқиқи масоили мубрами маъмурӣ -ҳуқуқии танзими муносибатҳои асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар мақола нуқсонҳои қонунгузории амалкунанда оид ба мавҷуд набудани таърифи легалии (расмии) муносибатҳои асъорӣ таҳлил гардида, равишҳои мавҷудаи доктриналӣ ва хусусияти оммавӣ -ҳуқуқии муносибатҳои мазкур баррасӣ гардидаанд. Муаллиф ба механизмҳои маъмурӣ -ҳуқуқии таъмини устувории асъори миллӣ (сомонӣ) ва ҳимояи суботи бозори дохилии асъор аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Инчунин, зарурати такмили қонунгузорӣ ва бартараф сохтани номуайянии истилоҳотӣ, баҳри баланд бардоштани самаранокии назорати асъорӣ асоснок карда мешавад. Таҳия ва амалигардонии консепсияи муосири танзими маъмурӣ -ҳуқуқии муносибатҳои асъорӣ бевосита ба дарки хусусиятҳои хоси институтсионалии онҳо вобастагӣ дорад. Ҳангоми ташаккули модели стратег

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 3, С. 430
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан