Central AsianResearch Index

ТАШАККУЛИ НИЗОМИ МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақолаи мазкур ба таҳлили ислоҳоти маъмурӣ, аниқтараш ташаккули низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шудааст. Дар асоси таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амалияи идоракунии давлатӣ, раванди ин ислоҳот ба се марҳилаи асосӣ ҷудо гардида, хусусиятҳо, ҳадафҳо ва натиҷаҳои ҳар як марҳила баррасӣ шудаанд. Дар мақола аҳамияти ислоҳоти маъмурӣ дар такмили низоми идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва мутобиқ намудани сохтори идоракунӣ ба талаботи рушди иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ гардидааст. Ҳамчунин, масъалаҳои қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, инчунин таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии мақомоти давлатӣ мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифтаанд. Истиқлоли давлатӣ яке аз арзишҳои бебаҳо ва неъмате мебошад, ки барои ҳар як миллат кафолати доштани давлати комилҳуқуқ ва соҳибистиқлол, зи

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 3, С. 420
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан