Central AsianResearch Index

МОҲИЯТ ВА ШАКЛҲОИ ТАНЗИМИ МАЪМУРӢ-ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ЗАМИН

Мақолаи мазкур ба таҳлили моҳият ва хусусиятҳои танзими маъмурию ҳуқуқии муносибатҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он мафҳуми муносибатҳои замин, ҷойгоҳ ва нақши танзими маъмурию ҳуқуқӣ дар таъмини истифодаи оқилона, ҳифз ва идоракунии захираҳои замин мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Муаллифон асосҳои ҳуқуқии танзими муносибатҳои замин, шакл ва механизмҳои маъмурии танзими муносибатҳои заминро ҷудо намудаанд, ки аҳамияти муҳимми илмӣ дорад. Дар мақола масъалаҳои мубрами мавҷудаи танзими маъмурию ҳуқуқии муносибатҳои замин бо дарназардошти таҷрибаи миллӣ ва нуктаҳои назари олимон ва муҳаққиқони илмӣ баррасӣ гардида, хулосаҳои асоснок ва фарогири муаллифон пешниҳод гардидааст, ки ҷолиби диққат ва шоистаи дастгирӣ мебошанд. Дар шароити муосир, бо рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва густариши шаклҳои гуногуни моликияти ба замин алоқаманд, зарурати такмили механизмҳои маъмури

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 3, С. 403
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан