Central AsianResearch Index

МАСЪАЛАҲОИ МУВАҚҚАТАН МАҲДУД ШУДАНИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИИ ШАХСИЯТ ЗИМНИ ТАТБИҚИ ДАСТГИР КАРДАН БО ГУМОНИ СОДИР НАМУДАНИ ҶИНОЯТ: ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВӢ-ҲУҚУҚӢ

Мақолаи мазкур ба таҳлили муқоисавӣ -ҳуқуқии дастгир кардани шахс бо гумони содир кардани ҷиноят бахшида шудааст. Муаллиф шабоҳат ва фарқияти дастгир кардани шахс бо гумони содир кардани ҷиноятро бо дастгиркунии маъмурӣ, бо тартиби мурофиавии маҷбуран овардан, азназаргузаронӣ, шаҳодаткунонӣ ва кофтукови шахсӣ мавриди таҳлил қарор додааст. Муаллиф қайд мекунад, ки татбиқи амалҳои мурофиавии номбаршуда боиси муваққатан маҳдуд шудани ҳуқуқу озодиҳои шахс мегарданд, лекин асос ва тартиби пешбурди онҳо аз ҳамдигар фарқ дошта, набояд дар омехтагӣ бо ҳамдигар татбиқ шаванд. Муаллиф ба хулоса омадааст, ки риоя ва иҷрои қоидаҳои мурофиавӣ, амалияи татбиқи қонунӣ ва асосноки дастгир кардани шахс бо гумони содир кардани ҷиноят муҳокимаи роҳҳои ҳалли масъалаҳои мутобиқсозии меъёрҳои мурофиавиро ба меъёрҳои конститутсионӣ ба миён овардааст. Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои у тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи

Сведения

Журнал
Legislation
Опубликовано
2026 · № 3, С. 334
Источник
qonunguzori.tj
Язык
Таджикский
ISSN
2410-2903
Издатель
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан