ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТҲОИ ХУСУСИЯТИ КОРРУПСОНӢ
Дар мақола масъалаҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Муаллиф ба нақши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ошкор, тафтиш ва баррасии парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аҳаммияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва имплементатсияи меъёрҳои онҳо ба қонунгузории миллӣ, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсияро баррасӣ менамояд. Дар мақола шаклҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла истирдоди шахсон, ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ, супоридани шахсони маҳкумшуда, таҳвили истеҳсоли ҷиноятӣ, ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гузаронидани тафтишоти муштарак ва истифодаи усулҳои махсуси тафтиш таҳлил шудаанд. Ҳамзамон, ба тағйиру иловаҳои соли 2024 ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи му
Сведения
- Журнал
- Legislation
- Опубликовано
- 2026 · № 3, С. 327
- Источник
- qonunguzori.tj
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2410-2903
- Издатель
- Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан